Муҳиддин Кабирӣ-раҳбари собиқ ҲНИ ва дигар хиёнаткороне, ки миёни бародарони тоҷику дигар халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон низоъу ҷанги шаҳрвандиро ба амал оварданд, боз кӯшиши бадном намудани миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар доранд. Онҳо дар назди Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар давлатҳои Олмону Белгия ба намоишу гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии худ иддао доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва принсипҳои демократӣ риоя намегарданд. Номбаршудагон ва дигар ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, ҳуқуқи аз номи 9 миллион мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар ҳамоишу гирдиҳамоиҳои байналмилалиро надоранд. Он давлатҳое, ки Тоҷикистонро дар Созмонхои байналмилалӣ эътироф намудаанд, ба ин хиёнаткорон бояд, ки шароиту имконият барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик фароҳам насозанд ва нагузоранд, ки сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд.
Махз бо шарофати чунин афроди ҷиноятпеша ва хиёнаткор шаҳрвандони Тоҷикистон чандин даҳсолаҳо ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди бемайлони саноату технологияи муосир мувоҷеҳ гардида буданд. Инчунин ба қашоқию камбизоатӣ дучор шуданд. Агар мухолифин, яъне «оппозитсия» дар ҳақиқатан бо роҳи демократию дигаргуниҳои мукаммал бо пешниҳодҳои мушаххас як Барномаи амали рушди Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекарду барои пешрафти давлату халқи тоҷик ба Ҳукумати Тоҷикистону Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дархост менамуд, кор ранги дигар мегирифт, вале сад афсӯс…
Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Оби рехтаро сарҷамъ намудан ғайриимкон аст», ё ин ки «Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бо кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдат ноил гардидем ва аз нав ба ободонию созандагӣ, сохтмони роҳҳои коммуникатсионӣ, сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию барқӣ ва истеҳсоли дигар соҳаҳои хоҷагии халқ расидем.
Шумо хиёнаткорон дур аз Ватан-Тоҷикистони азиз гурехта, аз ободонию ба кор даромадани Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун» дар рашки ҳасуд ва бахилӣ аз хориҷи кишвар чӣ санги маломат ба сари раҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳаммеҳанон мезанед! Аққалан фикри падару модарон, хоҳарону бародарон, фарзандон ва хешу ақрабои худ намекунед! Он хутбагоне, ки шуморо бо пайсаҳои ҳангуфти хориҷӣ харидорӣ намудаанд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд байни халқиятҳо, динҳо, мазҳабҳо сулҳ, оромӣ ва баҳамоӣ бошад, чунки онҳо дар дил ғарази бад доранд ва дар фикри фурӯши яроқу аслиҳа, одамрабоӣ ва фурӯши одамон, аз худ кардани конҳои фоиданоки металҳои ранга ва ҷамъ овардани зару зеварҳои тиллоию маблағҳои ҳангуфт мебошанду аз ҷангу ҷанҷолҳои бемаънӣ ва саргардонии онҳо суйистифода менамоянд. Ин фикру ақидаҳои шумо хоманд ва бори дигар ба доми макру фиреби онҳо афтодаед. Фақат як нуқтаро қайд карданиам, ки раҳбари ҳизби мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ ба тарҳрезии чанд тарҳи муштарак ёдовар шудааст, вале боз ӯ хатои бузург мекунад. Тарҳҳо ва Барномаҳои муштаракро дар доираи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар худи Ватан кашид, ё ин ки аз ваколатҳои вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо дода буданд, истифодаи босамар мебурдед. Албатта ӯ ба ҷойи тарҳрезии Барномаҳои стратегию беҳтарсозии шароити интихобкунандагонаш, ба сафарҳои ғайрирасмӣ ва бадном кардани миллати тоҷик дар хориҷи кишвар машғул шуда, ради маъракаи ҷомеаи шаҳрвандии тамоми мусулмонони кишвар ва давлатҳои исломӣ гардидааст.
М. Кабирӣ аз номи ҳизби мамнуъшудааш акнун дигар ягон кор карда натавониста, дар фикри созмон додани як иттиҳоде шудааст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ном гузоштааст. Вале мутаассифона, ҳамроҳонаш ба фикри ӯ розӣ нашуданд. Акнун ӯ танхо мондаасту дар ба дари Сафоратҳонаҳои Олмону Белгия, Полша ва Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо гадоӣ карда гаштааст. Ӯ шабу рӯз дар фикри резондани обрӯи давлати Тоҷикистон ва муташаниҷ намудани авзои он мебошад. Дар ҳамаи ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риоя нашудани принсипҳои демократӣ дар Тоҷикистон суханронӣ мекунаду касе суханонашро бовар намекунаду чорае намебинанд. Пас барои чӣ дар минбарҳо ба чунин шахси сафсатахон ва хиёнаткори халқи тоҷик минбар медиҳед? Ба хутбагони М. Кабирӣ гуфтанием, ки аввал ӯро аз ташхиси илми пешрафтаи тибби Аврупо аз ташхиси тиббӣ гузаронеду пас дар минбар сухан диҳед.
Акнун шуморо на халқи тоҷик ҳамчун ҳамватан эътироф мекунаду на давлатҳои хориҷӣ суханатро гӯш мекунанд. Миёни замину осмон муаллақ мондаеду ҳамсафонат аз паҳлуят дар гурез. Ҳатто қавму авлодат аз паҳлуят худро дар канор мегиранд. Аз ин хорию зорию залилиат дида, ба фикри ман худро ба дор овехтан беҳтар асту халос! Охир девонаи сафсатагӯӣ ба ҳама кор қодир аст! Ҳарчӣ тезтар аз ташхиси илми пешрафтаи тибби Аврупо аз ташхиси тиббӣ гузареду девонагиатро муолиҷа намоед!