БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАВЗЕИ ЧИЛУЧОРЧАШМА

31 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав бо рафти корҳои таъмир, бунёди меҳмонхона (хомстейҳо) дар мавзеи Чилучорчашма шинос шуданд.
Дар ноҳия 32 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ба шумор меравад.
Зиёратгоҳи мазкур аз маркази ноҳия дар масофаи 4 километр дуртар ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз “Чилучорчашма” кашида шудааст.
Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Ҳамасола ба ин мавзеи таърихӣ дар фасли тобистон то 10 ҳазор нафар сайёҳон ташриф меоранд.
Раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, сабзгардонӣ ва равшаннамоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ беш аз 80 фоиз ба анҷом расида, иншоот мувофиқи нақша дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
475181273_2197811247288010_8329007795176132604_n.jpg475125980_2197810877288047_5700032642015266111_n.jpg
0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.