Вобаста ба иҷрои супоришҳои банди 11 Протоколи маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади баргузор намудани амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» оид ба тоза намудану ба тартиб овардани дохил ва атрофи қабристонҳо, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 22-уми феврали соли 2023 аксияи умуминоҳияви «Рӯзи савоб» дар 2 қабристони деҳаҳои ҳудуди ноҳия баргузор намуда, қабристонҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, атрофашонро бо панҷараҳои оҳанин махкам намуданд.
Ҳамчунин занонҳо дар ин амалиёт фаъолона иштирок намуда роҳҳои даромад ва атрофи оромгоҳҳоро аз ҳамагуна партовҳо ва алафҳои худрӯи тоза намуданд.
Дар амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» тоза намудани қабристонҳо зиёда аз 1500 нафар сокинон иштирок намуданд. Аксияи мазкур ҳамчун «Ташаббусҳои ҳизбӣ» мунтазам баргузор гардида, қабристонҳои ҳудуди ноҳияро ба тартиб оварда тозаю озода ва шароитҳои зарури барои фаъолияти онҳо, навиштаҷотҳои номи оромгоҳҳо, шиору навиштаҷотҳои даъватӣ, насб карда шуданд.
Амалиёти мазкур ҳамчун «Ташаббусҳои ҳизбӣ» мунтазам роҳандози гардида ҷалби мардум дар ин кори савоб ба роҳ монда мешавад.
Муовини Раиси КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Носири Хусрав Х.Давронов