МУБОРИЗА БАРОИ ҲАЁТ!

Андеша. ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ Ҷумҳурии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонд. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона пеш аз ҳама ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдоми ташаббусҳои созанда ба ҳадафҳои олӣ ба мақсадт мерасонад. Шахсияти худодод, хайрхоҳ, падари халқ ва ятимпарвар. Оллоҳ ба сари давлат барои ғами мардумро ҳамдарду, мушкилиашонро осон гардонад интихоб шудааст.Шукр ҳазорон шукр,ки мо роҳбари ғамхору хоксор дорем.
Паёми Роҳбари давлат таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти коргарии ҳар як хизматчии давлатӣ, нақша ва дурнамо муҳими мақомотҳои олии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мақолае ки профессор С.Ятимов дар рӯзномаҳо таҳти унвонии "Тавоно бувад ҳар, ки доно бувад" оиди Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати камолоти инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дар пояҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ бунёд гардида, худшиносу меҳнатдӯст, бозпаснигарӣ ва оянда бинӣ бо садобаёнӣ ва рӯшану саҳеҳ ифода гардидааст.
Аз ҳама бадбахтарин миллат он миллатест, ки бехабар аз таърихи гузаштаи худ, огоҳ набудан аз фарҳанги миллӣ ва паст будани савияи дониши ҷавонону коста будани илму маорифи миллат мебошад.
Таҳлилҳо ва андешаҳои фишурдаи Паёми Роҳбари давлат чавонону наврасонро барои мубориза ба ҳаёти шоҳиста равона месозад.Пеш аз ҳама таваҷҷӯҳро барои омӯзиш, дорояти касбу ҳунар ва фарогир насли наврас ба таҳсилотҳои гуногун равона месозад.
Ба шахсиятҳо аз ҷумла монанди С.Ятимов, ки ба хотири тинҷиву амонӣ Ватани азизи худ шабу рӯз содиқона хизмат намуда ҷони худро дареғ намедорад. Танҳо саъю талоши солиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан, иқдоми ташаббусҳои созандаю ҳадафҳои олии Роҳбари давлатро сармашқи худ намуда хушёриву зиракиро аз даст надодаанд. Мо бо Шумо барин шахсиятҳои бузург, оқилу доно мефахрем.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.