МАРДИ ТАЪРИХСОЗ.

Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ бо назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.
Муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ба унвони як муҳаққиқ ва нозири дақиқназар ҳамин ҷиддияти рисолат ва зарурати таваҷҷуҳ ба онро солҳост, ки дарк намуда ва дар талоши ҳамкорӣ барои таҳкими пояҳои маориф ва маънавиёти миллӣ ҳаст. Муаллиф бо муруре ба гузашта як қиёси таърихӣ анҷом додааст: «... агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст». Ин ҷо як қиёси шоиронаи Бозор Собир ёд меояд, ки мехоҳад хидмат ва заҳматҳои бузургу бесобиқаи таърихии устод Садриддин Айниро барои миллати тоҷик дар қиёс бо устод Рӯдакӣ бозгӯ кунад ва мефармояд:
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.

Манзури шоир аз ин сатрҳоро аз худи ӯ пурсида будам, ки барои аҳли фаҳм ошност. Қиёси муаллифи муҳтарам низ дақиқан дар ростои ҳамин мантиқ қобили арзёбӣ аст. Ҳамин тавр, Пешвои миллат рисолати таърихии худро аввал бо ҷасорат қабул карданд, дарк намуданд ва ба дурустӣ анҷом доданд. Парчами ҷунбишҳои ба камол нарасида ва ба шикаст мувоҷеҳшудаи миллиро баланд намуда, роҳбарӣ карданд ва бо баланд кардани дасти Исмоили Сомонӣ дар майдони Озодӣ – рамзи қудрати сиёсии тоҷикон ба кӯйи мурод расонида, орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ва дудмони Сомониро бо ин иқдом ба курсӣ нишонданд.
Бидуни шак метавон гуфт, ки руҳи Куруши Бузург, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ дар симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буруз кардааст. Аз ин нигоҳ арзёбии муаллиф қобили дарк ва дақиқ аст: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад». Бо баёни омиёнатар метавон хулоса кард, ки дарвоқеъ як давраи томи таърихи миллати тоҷикро Пешвои миллат сохта ва сабти таърих кардаанд. Аз ин нигоҳ, дар ин баҳси фалсафии муаллиф Инсони таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.