Зимни арзёбии сабаб ва омили шикастҳои пай дар пайе, ки тоҷикон дар дарозои таърих ба он рӯ ба рӯ шудаанд, муаллиф бо ҷасорат ба ин хулоса мерасад: «Бузургтарин фоҷиаҳое, ки дар тули асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд». Бояд гуфт, ки дар осебшиносии таърихи миллати тоҷик ин назария ва хулосаи бисёр муҳим қобили таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Ҳам таърихнигорӣ ва ҳам оянданигарии мо бояд бар мабнои ҳамин назария ва ҳамин андеша шакл бигирад. Мутаассифона, то кунун ҳеҷ яке аз бузургони мо аз ин манзар таърихи моро мӯшикофӣ ва осебшиносӣ накардааст. Умуман, осебшиносӣ дар соири илмҳои муосир, хусусан, осебшиносии таърих асли муҳим барои ояндаи миллатҳо маҳсуб мешавад, ки дар илми мо ривоҷ надорад. Ин масъала қобили баҳси ҷудогона аст.
Мутаассифона, метавон гуфт, ки тоҷикон дар олами муосир аз ҷумлаи камтарин миллатҳое ҳастанд, ки «фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур», балки ба тақдир ҳавола кардаанд. Мушоҳидаи муаллиф дар мавриди қиёси мизони динзадагии миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам қобили таваҷҷуҳ ва дақиқ аст: «... барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?».
Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат дар ин миён мо танҳо миллате ҳастем, ки аввал ба ақида ва дини худ менозем, баъд ба миллати худ. Дар аксари маврид миллатро муҳим намешуморидем ва намешуморем. Хусусан, барои аҳли таассуб ва хурофот дар тули таърих миллат ва давлат муҳим набуд ва имрӯз ҳам нест. Он ки аз давлат гоҳе имрӯз ҳам ҳимоят мекунанд, аз рӯи риёст, на вафо ва садоқат.
Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омили суқути ҳамаи давлатҳои миллии тоҷикон, чи то исломӣ ва чи замони исломӣ динзадагӣ ва ҳамон ҳаволаи оянда ба тақдир буд ва ҳаст. Имрӯз ҳам дар андешаи аксари кулли диндорон ҳамин ақида чира аст, ки дар сурати ҳамлаи як кишвари исломӣ оё мо ҳаққи шаръии ҳимоят аз худро дорем ё не? Ин тоифа дар асли худ ба ақидаи давлат – миллат боварманд нестанд. Ва дар ҳавои 1400 соли пеш ба сар мебаранд. Ин ҷо бояд ҳатто зикр намуд, ки дар таҳти шуури баъзе аз афрод ҳатто андешаи хилофатхоҳӣ ҳам зинда аст. Яъне андешаи ДИИШ-ӣ, ки аз маҷрои сиёсӣ тавассути қудратҳои фароминтақавӣ обёрӣ ва фарбеҳ шудааст.
Ҳатто сабаби иқтидори сиёсиро аз даст додани тоҷикони Афғонистон, ки наздики даҳ сол (1992 – 2001) қудратро дар ихтиёр доштанд, пойбандии беш аз ҳадди онҳо ба арзишҳои динӣ назар ба андешаи миллӣ буд. Баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд маълум гашт, ки танҳо тоҷики соҳибнуфузе, ки «фардои худро ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур» вобаста медонист, ба иқтидори сиёсӣ барои бақои миллат бовар дошт, шахси Аҳмадшоҳи Масъуд будааст. Баъди вафоти ӯ дар ҳамсоякишвар ихвониҳо андешаи «қудрати сиёсӣ»-ро ба ақидаи «тақдири илоҳӣ» иваз намуданд.
Иттифоқан, тоҷик шояд танҳо миллати соҳибдинест, ки на аз дини миллии худ ва на аз динҳои дигаре, ки дар дарозои таърих ба ӯ таҳмил шуда, ҳаргиз ба нафъи бақои миллӣ фоида наҷустааст. Балки динхӯйӣ дар ин муддат барои давлатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ кушанда воқеъ шуда ва имрӯз ҳам бузургтарин таҳдид ба ҳастии давлат динзадагии афрод ва ба хислати фардӣ табдил шудани он аст. Дар дараҷаи аввал хатари ба хислати фарогир табдил шудани ҳамин зуҳурот вуҷуд дорад, ки он гоҳ ба таҳдиди билфеъл барои вуҷуди давлати миллӣ низ табдил хоҳад шуд.
Ин дугонагии тафаккур садсолаҳост, ки думболагири афроди миллат аст, ҳоло ман дар худам ин ҷуръатро суроғ надорам, то бигӯям, он хислати миллии моро ташкил медиҳад, аммо шодравон Лоиқ Шералӣ бо дарки умқи масъала ва вусъати пайомади он, ин ҷасоратро дошт, ки гуфта буд:
Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.
Вақте яклахт мешавем, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури воҳид, усули тафаккури ягона, на бегона дошта бошем, то он замон миллат намебошем. Ин давоми ҳамон андешаи шоири дигар Муҳаммад Иқбол аст, ки бовар дошт:
Миллат аз якрангии дилҳостӣ,
Равшан аз як ҷилва ин синостӣ.
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддао бояд яке.
Аз ин манзар, хулосаи муаллиф роҷеъ ба аҳамияти усули ташаккули андешаи воҳиди миллӣ, қобили таваҷҷуҳ аст: «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».
Албатта, мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмуи ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ муайян мекунанд, сохта мешавад. Ва тафаккури дунявӣ, ки ба ҳайси як ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир ҷой уфтодааст, реша дар хиради тоҷикӣ ва ориёии мо, дар биниши миллии мардуми мо дорад. Хиради тоҷикӣ, ки бар мабнои таҷриба, бовар ва ҷаҳонбинии гузаштагони мо ташаккул ёфта буд, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ, барои ҳифзи асолати миллӣ дар марҳилаҳои мухталифи сарнавиштсози таърих мусоидат намуд.
Дар боварҳои куҳани миллии мо масъалаи давлатсозӣ ва иштироки мардум дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони асл матраҳ мебошад. Мувофиқи боварҳои миллии мо, низоми сиёсӣ бояд бар мабнои мафҳум ва қарина (консепсия)-и ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфта бошад. Ин ҳама падидаест, ки муаллиф онро дар хусусияти давлати миллӣ ва сифатҳои шахсии Пешвои он пайдо намудааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ... батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».
Албатта, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид ва ба он посухи муносиб дод, то дар роҳи расидан ба рифоъ, тавсеа ва, ҳамзамон, ташаккули як хислат ва як тафаккури воҳиди миллӣ ё ба ибораи шоир «яклахт сохтани миллат» ҳамовозӣ ва кумак кунем.
Хирад – яъне, дониш, фаросат, огаҳӣ, ҳуш, дарк, зиракӣ, дарёфт ва тадбир, (Шарофатномаи Мунирӣ, Анҷуманорои Носирӣ, Деҳхудо) бо усулҳои аслии дунявият мисли илмгароӣ ва инсонгароӣ созгорӣ дорад. Бинобар ин, талоши ба ҷойгоҳи худ бозгардонидани хирад ва озодсозии зеҳни миллӣ аз ишғоли таърихӣ вазифаи муқаддас аст. Зеро вақте «бахти араб бар Аҷам чира шуд», хирад ва хирадварзӣ ҷойи худро ба ақлонияти динӣ ва тақдири аз пештаъйиншуда дод. Фард озодиву қобилияти зояндагии фикрӣ ва миллат руҳияву иқтидори ҷаҳонкушоии худро бохт. Аз ин нигоҳ, хулосаи муаллиф саҳеҳ ва қобили дарк аст: «Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ – ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест. Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад».
Ин ҷо суханони машҳури нависандаи бузург Лев Толстой ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Бадбахттарин ғулом инсонест, ки хиради худро ба ғуломӣ додааст ва чизеро воқеият мепиндорад, ки хирадаш онро қабул надорад».
Акнун дар ин маврид муносибат ба масъалаи мазкур муҳим аст. Бояд эътироф кунем, ки ғуломон дар фикри озодӣ нестанд, ин инсонҳои озода ҳастанд, ки ғуломонро озод месозанд. Бинобар ин, вазифаи давлати миллӣ дар симои маориф ва барномаи таълим иҷрои ҳамин вазифаи муҳим аст. Мутмаинан, агар давлати Сомониён ҳазор сол пойдор мемонд ва ё давлатҳои дигари миллӣ идома мекарданд, мо ҳоло ба як марҳилаи дигаре аз ғурури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ расида будем. Ба ин маънӣ дарк, бардошт ва хулосаи муаллиф аз иллат ва сайри таърихии таҳаввули фикри миллӣ саҳеҳ аст: «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст».
Аммо бояд эътироф кунем, ки он чизе дар садсолаҳо шикаста шуда ва зарба хӯрдааст, то ин ки тармим шавад, роҳи дароз дорад. Яъне, заҳмати зиёд мехоҳад, то дубора, хирад ва хирадварзӣ, ҷойи таваккал ва тақдирпарастиро бигирад. Дар ҳар сурат, масъалаи муҳим барои мо боз гардонидани хирад ва ё бозгашти мо ба хирадварзист. Ин вазифаи муқаддаси мактаб аст. Зиёиён ва олимон бояд дар ин масъала ба давлат кумак кунанд.