Бидуни шак, мактаб кӯраи миллатгудозӣ, шахсиятсозӣ аст. Он чи мебинем ва он чи дорем, маҳсули мактаб аст. Тавре муаллиф зикр намудааст: «Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест».
Агарчи дер, аммо бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба профессори муҳтарам, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Саймумин Ятимов барои таваҷҷуҳе, ки ба китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» зоҳир намуданд ва тақризи фарогир, ширкат ва суханронияшон дар муҳокимаи китоб, изҳори сипос ва миннатдории самимии муаллифонро изҳор намоям. Маҳз тақриз ва тавсияи мазкур буд, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» мутобиқ ба таъйинот ва рисолати аслии худ таҳия ва ислоҳ шуд.
Ин ҷо ба ҷузъиёти нуктаҳои мавриди баҳс дар китоб намепардозам, танҳо бояд гуфт, ки эродҳои профессори муҳтарам дуруст ва усулӣ буданд. Аммо як нуктаеро мехоҳам ёдоварӣ намоям, ин аст, ки дар лоиҳаи аввалияи бархе саҳифаҳои он китоб, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, воқеияти тарзи тафаккури ҷомеаи илмӣ ва, умуман андешаи дугона дар зеҳни ҷомеаи мо, ба намоиш омада буд. Зеро мо ҳудуди 70 тақриз аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо (роҷеъ ба муҳтавои ҳар боб то 3 тақриз) гирифтем. Он ҳам баъди ислоҳ ва таҳрир, ки ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи таҳиягар анҷом додем. Ҳеҷ муқарризе ба масъалаи тарзи ҷаҳонбинӣ ва зикри масъалаҳои усулӣ дар китоб изҳори назар накард. Баръакс, муаллифонро дар баъзе маврид ба эҳёи дидгоҳи замони шуравӣ дар нисбат ба масъала муттаҳам месохтанд.
Бинобар ин, муаллифи муҳтарам вазъиятеро, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ ва мушкилеро, ки дар ҷаҳонбинии муаллифон ҷой дорад, инчунин сабаб ва омилҳои вазъияти мавҷудро, ба тафсил таҳлилу матраҳ намудаанд. Ба он чизе изофа намудан мушкил аст. Ҷойи баҳс ҳам надорад. Фақат бояд афзуд, аз нигоҳи осебшиносии маориф ё низоми омӯзишу парваришро ба ин вазъият «буҳрони бекифоятӣ» (incompetence crisis) метавон гуфт. Ин як амри табиист, бояд онро эътироф кард, осебшиносӣ намуд ва барои ислоҳи он ирода варзид.
Ба қавли А. Эйнштейн, «бидуни буҳрон, озмоишҳои ҷиддӣ пушти сар намешаванд. Ва буҳрони аз ҳама воқеӣ буҳрони бесалоҳиятӣ аст». Бояд гуфт, ки ин фақат мушкили нависандагони китобҳои дарсӣ нест. Ин ба як мушкил барои идораи муассисаҳои маориф, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ низ, табдил шудааст. Яъне, мушкил ин ҷо умдатан мушкили адами кадрҳои шоиста, огоҳ ва боиродаи миллист.
Муаллиф, зимни натиҷагирӣ аз пажӯҳиши худ роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала, аз ҷумла таъкид мекунад: «Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтадбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд».
Албатта, мутлақо дуруст аст, вале бояд фақат афзуд, ки хуб мебуд, онҳое низ, ки «ба ҷалби олимон барои навиштани китобҳои дарсӣ машғуланд», яъне масъулини соҳа ҳам донишманд, худогоҳ, хештаншинос ва хирадситойю бо дарки амиқи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва босалоҳияту бокифоят бошанд. Ин ҷо масъулият миёни муаллифон ва масъулин баробар тақсим аст, балки бори масъулият ва рисолати масъулон бештар аст.
Бинобар ин, роҳи берунрафт аз ваъзият кумак хостан ва боварӣ кардан ба қишри боирода, соҳиби андешаи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, босалоҳияту бокифоят, шинохтан ва гумоштани онҳо ба идора ва роҳбари муассисаҳои маориф, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ мебошад.
Он гоҳ метавонем ба тарбияи шоиста ва ба камол расондани насли худогоҳ, миллиандеш, хирадгаро ва бокифояту босалоҳият, ки бақои давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллатро тазмин намояд, умед бибандем ва дар татбиқи роҳнамоиҳои Паёми Пешвои муаззами миллат саҳм бигирем.
Раҳматкарим ДАВЛАТОВ,
директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих