Суханронии И.в. Раиси ноҳияи Носири Хусрав, Шарифзода М.С. дар ҷашни 29- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли 2022

Муҳтарам афсарон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!  Ҳозирини гиромӣ!

 

Мо сарфароз аз он ҳастем, ки пеш аз ҳама мустақилият дорем ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони соф ва ваҳдату ягонагӣ кору зиндагӣ дорем.

 

  Имрӯз санаи муҳими таърихиро, ки ифтихор ва устувории давлати навини Тоҷикистон аст, 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаем.

Бинобар ин ҳамаи Шумо афсарон, собиқадорон ва ҳозирини гиромиро бо ифтихор аз давлатдорӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо барои заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, сулҳу субот ва оромиву осудагии халқ изҳори минатдорӣ менамоям.

 

Дӯстони азаиз!

         Агар гузаштаи талхро фаромуш созем, ба ояндаи дурахшон намерасем.

Дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла фаъол гардидани гурӯҳи мухолифи давлати Конститут-сионӣ ва сар задании ҷанги шаҳрвандӣ, яъне дар шароите Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

 

Муҳтарам афсарону, собиқадорон ва ҳозирини гиромӣ!

       Ин лаҳза ба хотири гиромидошти хотираи неки он ҷавонмардон, ки баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, марзи кишвар, Конститутсия ва волоияти Қонун ҷони худро қурбон кардаанд, дақиқаи хомушӣ эълон менамоям.   

 

Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, давлат ва Ҳукумати мамлакат, ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи бисту нӯҳ сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба модар - Ватан хизмат карда истодаанд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар раванди сиёсати Ҳукумати мамлакат дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияро яке аз самтҳои фаъолияти худ дониста, ба Дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сангоба», «Тагноб» ва «Пайванд» вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид, чораандешӣ карда истодааст.

 

Ҳозирини арҷманд!

       Яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.

 

Имрӯз моро зарур аст, ки барои омодабошии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, корро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шаванд.

 

Инчунин, дар як сол ду маротиба ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд, ки дар бисёр мавридҳо барои иҷроиши нақшаи даъват бо мушкилиҳо рӯ барӯ мегардем.

 

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонони даъватшаванда хуб ба роҳ монда нашудааст.

 

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас, бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар онҳо саҳм дошта бошем. 

      Дар ин самт бояд ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрик намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.

 

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

 

       Ҷашни таъсиси Артиши миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

IMG_20220221_091652.jpgIMG_20220221_091736.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.