МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ШАВҚОВАР ДОИР ГАРДИД

Мусобиқаҳои  варзишӣ  оид ба  фуболи  хурд  барои  дарёфти «Ҷоми  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон» байни  дастаҳои футболи ғайрикасбии  деҳоту  маҳаллаҳо  мутобиқи   Низомнома ва  ҷадвали  таҳия  ва тасдиқгардида,  дар  ҳамкорӣ  бо  бахши кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  ноҳия  баргузор  гардида  истодааст.

Ин  навбат  тибқи  ҷадвал марҳилаи  интихобии  давраи 1 -ум  байни  деҳоти  ҷамоатҳо дар варзишгоҳи  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1 деҳаи    Баҳор таҳти  роҳбарии Кумитаи  тадорукоти  мусобиқа, байни  дастаҳои  футболи  ғайрикасбии  маҳаллаи  Муротеппа ва  Тулаганови  Ҷамоати  деҳоти Фирӯза  баргузор  гардид.

Дар  ин  вохӯрӣ  футболбозони  деҳаи  Муротеппа  бартарӣ  нишон  дода,  бо  ҳисоби  3 ба 1 ба  дастаи  деҳаи  Тулаганов  ғолиб омада,  ба  даври  ниҳоӣ  роҳхат  гирифтанд.

Мусобиқаҳо  аз  рӯи  қоидаҳои  футболи  хурд  баргузор  гардида  истодаанд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.