Дар санаи 28 декабри соли 2020 иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:
- Ҳисоботи раиси ноҳияи Носири Хусрав дар соли 2020.
- Ҳисоботи сардори Раёсати молияи ноҳияи Носири Хусрав дар бораи иҷрои буҷети соли 2019 ва тасдиқи он барои соли 2021.
- Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ.
- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав барои соли 2021.
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Носири Хусрав.