Дар санаи 22.12.2020 бо иштироки раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н. ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар назди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Носири Хусрав маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур зиёда аз 150 ниҳолҳои ҳамешазабз дар назди муассисаи таълимӣ шинонида шуд.