Муҳтарам меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар асоси дастуру супориши раиси вилояти Хатлон имрӯз дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ баргузории “Корвони сурх” ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар ин мо кишоварзони ноҳия тасмим гирифтем, ки чорабинии имрӯзаро бояд бо як шукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонем.
Хозирини арҷманд ва иштирок-дорони чорабинии имрӯза, ба ҳамагон маълум аст, ки соли равон тибқи дурнамои пешбинигардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кишти пахта дар майдони 3194 гектар нақшабандӣ шуда, бо ташаббуси бевоситаи худи хоҷагиҳои пахтакор дар майдони 3224 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки 101 фоизи нақшаро ташкил дод. Яъне аз ин дар;
- ҷ/д “Наврӯз” 1272 гектар.
- ҷ/д “Истиқлол” 873 гектар ва
- ҷ/д “Фирӯза” 1079 гектар пахта кишт карда шудааст.
Дар умум нисбат ба соли гузашта бошад майдони кишти пахта 104 гектар зиёд гардид.
Айни замон рафти чиниши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз гардида, то ин давра ҳамагӣ 110 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз ин дар Ҷамоатҳои деҳоти:
- “Навруз”- 40 тонна,
- “Истиқлол” 38 тонна
- “Фирӯза” 32 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар баробари корҳои анҷомдода кишоварзони ноҳия кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҷамъоварии саривақтии пахтаро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ суръат бахшида дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намоянд.
Иштирокдорони муҳтарам!
Бахшида ба чорабинии имрӯза ҳамаи шумоён ва дар симои Шумо ҳамаи пахтакорони ноҳияро бори дигар табрику таҳният намуда, дар пешравии соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ба Шумо бурдбориҳоро таманно дорам.
Саломат бошед!