Рӯзи 22 августи соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» ҷиҳати иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули сайёри раиси ноҳия муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ баргузор гардид.
Дар қабули сайёр муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Кумитаи идораи замин, мудирони бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, намояндаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иштирок доштанд.
Дар қабули сайёр 14 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун аз қабили: - баланд шудани оби кӯли сунъӣ, баланд шудани оби зеризаминӣ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, таъмири роҳҳои дохили хоҷагӣ, мусоидат барои таъмири хонаи истиқоматӣ, оид ба мусоидат намудан барои гирифтани ёрии моддӣ ва ғайра ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия ба масъулин оид ба баррасии масъалаҳои гузошташуда, супоришҳои мушаххас дода талаб намуданд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ба шаҳрвандон ҷавоби хаттӣ ирсол намоянд.