Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо вируси даҳшатноки коронавирус дар кишвари мо низ доман паҳн карда истодааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» миёни сокинон боз ҳам пурзӯр намуда, риояи гигиена ва оромона ҳаёт ба сар бурданро талқин намуда истодаанд.
Чунин чорабинии судманд дар деҳаи Бешкаппа 2-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона» баргузор гардида, ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро риоя карда, худ ва дигаронро аз ин беморӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявиро ба ҳамагон дастрас карданд.
Ҳамзамон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла вируси даҳшатноки СОVIД-19 ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Президентӣ ташкили кишти зироатҳои хӯрока, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи онро барои ду сол таъкид карда шуда, ба сокинон як миқдор барои безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ маҳлули хлордор дастрас гардид.