Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро миёни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам пурзӯр намуда, дар ҳар чорабинии ҳизбӣ таъкид менамоянд, ки риояи гигиенаи шахсӣ яке аз тадбирҳое мебошад, хатари коронавирусро бартараф месозад.
Ин навбат гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуда, ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории коронавирусро фаҳмонида, барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявӣ ва Муроҷтиатномаи ҲХДТ-ро дастрас карданд. Ҳамзамон масъулин дар ин раванд оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла вируси даҳшатноки СОVIД-19 корҳои мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Президентӣ ташкили кишти зироатҳои хӯрока, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи онро барои ду сол таъкид намуданд.