ҲИФЗИ САРҲАД ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  пешгирии  хатару оқибатҳои  бемории  коронавирус гурӯҳи   кории  Кумитаи  иҷроии ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ба  қисми  ҳарбии  дидбонгоҳи  сарҳадии  Сангоба 9, ки  дар  ҳудуди  ноҳия   воқеъ  мебошад,  бо  сарбозону  афсарон  корҳои фаҳмондадиҳӣ  баргузор  намуда,   оид ба  пешгирии  сироятёбӣ ба ин беморӣ  ва  роҳҳои пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ба  ин  вирусро ба  онҳо  фаҳмонида,  қайд намуданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  ҳар  яки  мост. Ҳар  як  нафар пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдоштӣ, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, мунтазам  шустани  дастон бо  собун, риояи  гигиенаи шахсӣ, тартиби  риояи  масофаро  дар  ҷойҳои  ҷамъиятӣ бояд  ҳатман  риоя  намояд. Фаромӯш  накунем, ки   ҳифзи  сарҳад таъмини  бехатарии давлат  мебошад, ки  он  ба  зиммаи  шумо  фарзандони  Ватан  имрӯзҳо гузошта  шудааст. Ҳар  яки  мо  бояд  дар  андешаи  сиҳатии худ ва  таъмини  субот  бошем, донем, ки саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост.

Аз  ҷониби  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ба  афсарону  сарбозони  қисми  низомӣ   100  дона  ниқоб,  маводҳои  антисептикӣ,  12  литр маводҳои шустушӯи  ва  50 адад  варақаҳои  иттилоотӣ дастрас   карда  шуд.   Ҳамчунин  биноҳо  ва  роҳу   ҳавлии  дидбонгоҳ  аз  ҷониби  мутахассисони соҳа  безарар гардонида  шуд.  

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.