БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ

Тавре ба ҳамаи ҳамватанони азизу арҷманди мо маълум аст, дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд,  Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ҷавони ватандӯст ва ободкор, ки тамоми ҷавонони бонангу номуси мамлакат бо он ифтихор доранд, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар ҳақикат Рустами Эмомалӣ ба ҳама вазифаҳои роҳбарикунанда арзандаанд, зеро пеш аз ҳама аз ҳеҷ чиз ҷуз хидмат ба Ватан эҳтиёҷ надоранд. Дар давраи фаъолияти меҳнатиашон дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ тавонистанд ба пешравиҳои назаррас, ки тамоми мардуми мамлакат ин пешравиҳоро бо чашми худ дидаву шунидаанд, ноил гардиданд. Хусусан, таи чанд соли охир ободкориву пешравиҳо ва зебогиву тозагии шаҳри азизамон, пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки Ватани маҳбуби тамоми тоҷикони дунё ба ҳисоб меравад, ба заҳмату талошҳои Рустами Эмомалӣ вобаста аст.

Сохтмони биноҳои замонавии истиқоматӣ дар пойтахт, азнавсозии роҳҳо ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани онҳо, сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бо гулгаштҳо, сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти миёна бо усулҳои наву замонавӣ дигар иншоотҳои иҷтимоию маишӣ ва умуман дар давраи хеле кӯтоҳ яке аз шаҳрҳои зебои дунё табдил додани пойтахти Тоҷикистони азиз, ки хонаи умеди тамоми тоҷикистониён ба ҳисоб меравад, боиси қайди махсус аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавону кордон ба муаррифӣ эҳтиёҷ надоранд. Зеро ҳар нафаре, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе қадам мезанад, бо чашми худ ин созандагию бунёдкориро мебинад. Албатта, ҳамаи ин созандагиву бунёдкорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки Рустами Эмомалӣ давомдиҳандаи ин кору пайкори созанда ба ҳисоб мераванд. 

Мо ҷавонону сокинони шаҳри Бохтар ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои интихоб гардиданашон ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯем. Дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро хоҳонем.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.