Баромади раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н.

Меҳмонони азиз,

Ҳозирини гиромӣ!

Қаблан ҳамаи шуморо ба муносибати баргузории конференсияи 6 – уми Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Носири Хусрав  шодбош мегӯям.

Набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурии мо ба осонӣ рӯи кор наомадааст. Ҷаноби Олӣ шахсан бо намояндагони мухолифин дар тӯли панҷ соли ҷанг 21 маротиба мулоқоти расмӣ ва чандин бор сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ анҷом додаад. Президенти кишвар дар маърӯзи ҷашнии худ таъкид намуданд, ки «баъзе нерӯҳо ба ҷам омадани миллати мо ва ба сулҳу субот расидани кишварамонро намехостанд.

   Бо имзо шудани ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаву аламкашидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида,  кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид.

Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шарофати сулҳу субот таҷлил менамоем.

Дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду  фарҳангпарвари  мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид. 

   Дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва меҳнати пурмаҳсули сокинони ноҳия садҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд ва боз даҳҳо биноҳои истеҳсолию маишӣ дар ҳоли сохтмон дар ноҳия қарор доранд.

        Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бештар аз 75 ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар маҷмӯъ 6829 ҳазор нафар аъзоёнро муттаҳид намуда, созмонҳои ибтидоии он дар аксарияти деҳот ва маҳаллаҳо  амал мекунанд.  Албатта, ин қувваи бузург мебошад. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки ба ин ҳаракат ҳамроҳ гардида, мехоҳанд дар амри муттаҳидии миллат ва якпорчагии кишвар нақши бевоситаи худро гузоранд.

Мулоқоту сӯҳбатҳои аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ бо сокинони маҳаллаҳо дар арафаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хеле муфид ва самаранок гузашта, натиҷаҳои хуб ҳам дода истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз аксари ҷавонони мо ихтиёран хизмати Ватан - модарро интихоб намуда, онро содиқона ба ҷо меоранд.    Имрӯз дар ҳайати Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат чанд тан аз шахсиятҳои обрӯманду варзида, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва кормандони масъули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят аъзо ҳастанд, ки онҳо дар баробари анҷом додани вазифаҳои хизматияшон ҳамзамон барои таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ тадбирҳои муайянеро амалӣ мегардонанд.

Аъзоёни ҳаракат ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайн, ризоияти шаҳрвандӣ, аз бӯҳрон баровардани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат ва таҳким бахшидан ва вусъат додани демократия дар ҷомеа, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон иборат мебошанд, даст ёфтанд.

Ҳаракат дар давоми фаъолияти хеш ҳар гуна шаклҳои поймолкунии ҳуқуқро рафъ карда, дар ҷомеаи Тоҷикистон барои ҳамаи халқияту миллатҳо  баробарии сиёсию иҷтимоиро кафолат дода тавонист.

Заминаҳои воқеӣ ва амалӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ барои инкишофи ҷомеа гузошта шуда, як силсила қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Сохторҳои давлатӣ пурқувват гардида, самараҳои сулҳи сартосарӣ дар ҷомеа намоён гардиданд. Аз ҳама муҳимаш халқҳои Тоҷикистон ба қувваи худ, ба якдигар ва ба давлату Ҳукумат эътимод пайдо карданд.

Бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳо дар маркази ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо бахшида ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Ғалаба дар Ҷанги  Бузурги Ватанӣ, 22- солагии Ваҳдати миллӣ, 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну чорабиниҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд, ки ба таҳкими  сулҳу ваҳдат мусоидат намуданд.

Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва сулҳу суботи пойдор медонем, натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дастовардҳои ноҳияи Носири Хусрав назаррас буда, сатҳи зиндагии мардум зина ба зина баланд шуда истодааст.

       Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав барои устувории роҳу усули хоҷагидорӣ мунтазам баланд бардоштани некуаҳволии халқ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасогиҳои мавҷуда диққати ҳамарӯза дода, дар соли 2019 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

   Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 102,3 % иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ  8 млн 893 ҳазору 724 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 214 ҳазору 572 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  ба қадри 107 % иҷро гардида, ба буҷа ба ҷои 2 млн 444 ҳазору 490 сомонии пешбинӣ гардида 2 млн 614 ҳазору 367 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

  Лозим ба қайд аст, ки дар соли 2019 ҳамаи намудҳои андоз сифатнок иҷро гардидаанд.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 95 фоиз иҷро гардидааст.  Нақшаи солона 22 млн 196 ҳазору 496 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 21 млн 162 ҳазору 805 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.  Аз ҷумла ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96 фоиз, маориф 98 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 92 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 90 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 85 фоиз, фарҳанг 75 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 96 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

       Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи   Носири Хусрав дар  соли 2019,  414 млн. 260,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки баробари 112,6 фоиз  ё ин, ки 46 млн. 371 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра соҳаи саноат босуръат рушд ёфта, ташкили корхонаҳои нав ва номгӯи маҳсулотҳо сол ба сол афзоиш ёфт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноати ба 18 млн 309,9  ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2018 ба маблағи 5 млн 930,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, афзоиш 44,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ меҳнаткашони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки ин ҳама самараи сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Чун анъана 27 июн ҳамасола Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия дар сатҳи баланди оммавию сиёсӣ таҷлил  мегардад. Дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилот ва муассисаҳои ноҳиявӣ  пайваста вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳиму таъсирбахши кори ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат бояд сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро мунтазам дар байни мардум таблиғу ташвиқ намоянд, ба ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифони сиёсиамон сари вақт баҳои воқеӣ ва ҷавоби муносиб диҳанд. Аммо на ҳама вақт ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода шуда, дар маҳалҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

Пӯшида нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ, яъне протсеси глобализатсионӣ дар баробари бо пешравию тараққиёт ва навоварию кашфиёт фаро гирифтанаш, инчунин хусусиятҳоеро дар худ ниҳон кардааст, ки метавонад ба асли маънавиёт ва баъзе арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, бо дарназардошти суръати кайҳонии тараққиёти ҷаҳони муосир ва таҳаввулоту табаддулоте, ки дар дунёи имрӯза ба вуқӯъ пайваста истодааст, аз ҳар кадоми мо, тақозо менамояд, ки фаъолияти худро дар тамоми самтҳо ба тарзу услуби нав роҳандозӣ намоем.

Муҳтарам ҳозирин!

Дар фарҷоми сухан мехоҳам ба чанд  вазифаҳои муҳиме таъкид намоям, ки тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии ноҳиявии Ваҳдати милллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аъзоёни он бояд баҳри иҷрои онҳо кушиш ба харҷ диҳанд.

Раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявиро зарур аст, ки:

      - ташкилотҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ бо мақсади нерӯи нав бахшидан ба фаъолияти Ваҳдати миллӣ дар раванди инкишофи минбаъдаи ҷомеа бояд тамоми қувваҳои солими ҷомеаро ба ҳифзу ҳимоя кардан ва таҳким бахшидани ин арзиши муқаддас сафарбар намоянд, то ки ҳама гуна кӯшишҳои ҷудоиандозӣ, ифротгароӣ ва таҳдиду зӯроварии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии дохили, ки ба тамоюли маҳаллӣ замина эҷод мекунад, аз миён бардошта шаванд.

       - ташкилотҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар бобати инкишофи бемайлони илму маориф, ғанӣ гардонидани олами ботинии шаҳрвандон, ташаккули мафкурраи сиёсӣ рушди устувори илмҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва умуман тарбияи инсони солиму созанда, меҳандӯст ва ҳаматарафа инкишофёфта нақши арзандаи худро гузоранд.

Дар охир ҳамин нуқтаро иброз медорам, ки Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд.

Дар ҳақиқат дар асоси қарори Конференсияи имрӯза мо барои фаъол намудани ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат бояд саъю кӯшиш намоем. Барои ин ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст, танҳо ҷиддӣ ба ин масъалаҳо аҳамият додан лозим аст.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар амри таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ барору комёбиҳо таманно мекунам.

Саломату сарбаланд бошед!

20200414_092518.jpg20200414_091005.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.