
Мутобиқи моддаҳои 8, 9, 13 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум қарор мекунад:
Рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум аз рӯи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
1. Ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, даъвати шашум.
5. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Масъалаҳои ҷорӣ.