Сухани табрикотии раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н. бахшида ба «Рӯзи Модар»

Модарону хоҳарони азизу 

      гиромиқадр!

      Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани  «Рӯзи Модар» дар Ҷумҳурии  кишвари азизамон гувоҳи равшании мақому манзалати баланди Шумо  модарони азизу меҳрубон, дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.     

       Ҳамаи Шуморо дар ин Рӯзи муборактарини рӯи дунё, ки  ба оғози зеботарин фасли Баҳор ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон–Наврӯзи байналмилалӣ, оғози кишту кор, зиндашавии  табиат баробар омадааст, самимона табрику таҳният менамоям.

   Мардуми мо  аз қадимулайём ба қадру мартабаи волоӣ модар  арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ  то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо  ба шумор меравад.

      Ниёгони мо  ба қадру қимат ва эҳтироми модар  ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мераси-данд.

      Модар нахуст устоди башарият аст ва фарзанд каломи ибтидоро  аз ӯ меомӯзад. Модар –Зан - Зиндагиофар, канзи ишқу муҳаббат, сидқу вафо, ҷароғи мунаввари хонадон мебошад.

       Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш   хуб медонем, ки  дар давраҳои гуногун  занону мода-рон  дар қатори мардон  ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ  саҳми арзанда мегузоранд.

    Маҳз ба ҳамин хотир  барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан  ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд. Мақому манзалати волои модар, заҳматҳои беандозаи ӯ ва рафтори неку пурмуҳаб-баташ  нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки  модарро ҳамчун бузургтарин ва муқад-дастарин инсон  ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.

     Чунонки Абӯрайҳони Берунӣ менависад, дар байни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик  ҳанӯз аз замонҳои қадим анъанаи ҷашнгирии Иди модар  роиҷ будааст.

     Тибқи гуфтаҳои ӯ  ин ид дар сарзамини тоҷикон  дар моҳи сеюми зимистон, ки  Исфандормаз ном дошт, ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан – модар  васеъ ҷашн гирифта мешудааст. Ҳарчанд ки  бо мурури замон  ин иди бошукӯҳи таърихии аҷдоди мо  фаромӯш гардида буд, вале ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон  аз нав зинда гардид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё намудани анъанаҳои неки гузаштагонамон дар мамлакат  доир ба  «Рӯзи модар» фармон таҳия намуда, онро  ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намуд.       Ин санаи муборак дар кишвари азизамон  бо шукӯҳу самимияти хоса  ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи мубораку хуҷаста фарзандон, хешону наздикон ва дӯстон  бо либосҳои рангину зебои фасли сол, чеҳраҳои хандону пурмеҳри худ  модаронро табрик менамоянд ва дуои пурбаракати онҳоро мегиранд, зеро муқаддас-тарин ва воҷибтарин дуо барои инсон дуои модар аст. Дар қалби бузурги модар  ҷаҳон ҷой мегирад. Модар ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва мекӯшад, ки  ӯро ба сӯи зиндагии шоиставу пурсаодат  роҳнамоӣ  созад.

     Дар Паёми  имсолаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба  Маҷлиси  Олӣ  қайд намуданд, ки Ҳукумати  кишвар ба  занону  бонувон эҳтироми  хоса зоҳир  менамояд ва  дар  якчанд барномаҳои   давлатӣ,  стратегия  ва  консепсияҳо  дурнамои   фаъолияти  занон ва  нақши  онҳоро  дар  мақоми  роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии  ҷомеа ва  пойдориву устувории оила таъкид  намудааст.

Инчунин дар давраи соҳиб-истиқлолӣ  ташаббусҳои   занон    доим аз тарафи Ҳукумати   Ҷумҳу-рии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил намуда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 24,5 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.

      Бояд  гуфт, ки  масъалаҳои  маърифати оиладорӣ, баланд  бардоштани масъулияти падару  модар дар  таълиму  тарбияи  фарзандон ба  ҳаёти  мустақилона  ва пойдории оила аз ҷумлаи  проблемаҳое мебошанд, ки  диққати доимии тамоми   мақомо-ти давлатӣ,  муассисаҳои  таҳсилот ва  кулли  аъзои  ҷомеъаро  тақозо мекунад.

     Мусаллам  аст, ки  ҷомеаи  солим   аз  оилаи  солим  ва  насли  солим  ташаккул  меёбад.

    Аз шумораи 39426 нафар аҳолии ноҳия 20016 нафарашонро занону  духтарон ташкил  медиҳад, ки аз ин ҳисоб теъдоди занони қобили меҳнат 10166 нафар мебошад, айни замон теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбари-кунанда 83 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳаммаи  мову Шумо маълум аст, ки  дар таърихи  1 марти соли равон  дар сартосари кишвари азизамон интихоботи вакилон ба   маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гузаронида шуда,  ҳиссаи занон дар ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 13 нафар ва ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳот ­12 нафар интихоб гардиданд.

     Аз соли 1997 то соли 2019  231 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ дар  мактабҳои олӣ ба таҳсил фарогир шудаанд.     

    Мо итминони комил дорем, ки  шинохти дирӯз ва имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқло-ливу соҳибдавлатӣ мардуми моро  ба мақсад мерасонад.

   Бори дигар  ҳамаи Шумо модарону хоҳарони  азизро  ба муносибати Рӯзи модар  самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар кадоматон  бахту саодат, ободиву осоиши ва хушҳоливу хушрӯзро орзу менамоям!

 

   Ҳамеша хушбахт ва саломат бошед, модарон ва хоҳарони азиз!

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.