Сухани табрикии Раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н.бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мардуми шарафманди мо ҷашни 27 солагии таъсисёбии Артиши миллиро дар фазои орому осоишта ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳиб-ихтиёриву соҳибдавлатӣ, яъне 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат нахуст ҳамаи Шумо муҳофизони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарӯзиашон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромиву осоиши халқи бунёдкору созандаи тоҷик, садоқат ба Конститутсия, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар муқаддасоти миллӣ изҳори сипоси мардуми шарафманди ноҳияро баён менамоям.

Мо аксарият шоҳиди онем, ки баробари соҳиби Истиқлолияти давлати шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.

 Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар ва дар заминаи пасттарини техникию таҷҳизоти вазнини ҷангӣ таъсис дода шуда буд, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мунтазам ва оқилонаи Ҳукумати мамлакат, махсусан, сарфармондеҳи Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳила ба марҳила Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисоси ҷангӣ ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба як нерӯи пурқуввати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои пос доштани дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи марзу буми  Ватан, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгаронию хиёнаткорӣ ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фидокориву мардонагиҳои зиёд нишон додааст.

     Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиштагии халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша қадрдонӣ мекунанду пос медоранд.

     Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.    

    Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд.

        Эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварии ҳомиёни Ватан имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ  ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

       Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин  ҳисси бузурги ватандӯстиву ватан-парастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватанӣ хеш сарф намоянд.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ӯҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашнҳои бузургу муқаддаси давлатиамонро бо сарбаландиву дастовардҳои арзандаи ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи халқ истиқбол мегиранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори ин санаи муборак, яъне 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиашон сиҳатмандиву  некрӯзӣ  ва  барори кор орзумандам!

Сарбаланду хонаобод бошед !

IMG_20200222_102559.jpgIMG_20200222_101806.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.