МАН БОЯД БА ҶОНИБДОРИИ ҲХДТ ОВОЗ ДИҲАМ!

АНДЕША. Кишвари мо дар остонаи гардиши куллӣ дар ҳаёти   иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад ва мардуми хирадпешаи тоҷик бо  дарки амиқи мураккабии равандҳои таърихӣ ҳар қадами дар пешрафт гузоштаи  давлат  ва Ҳукумати  Тоҷикистонро бо  шукру  сипос арзёби  намуда, хайрандешона  бовар доранд, ки бо  талоши  хастанопазир ва  кушишҳои  бошаҳомати  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи  тараққи додани  иқтисодиёти  мамлакат кӯшиш ба  харҷ  медиҳад, ҳатман дар ҳамин марҳилаи  кӯтоҳтарин ба  рӯзгори ободтар ва  хуштар аз  имрӯз  мерасем.

  Вазифаи  муқаддаси мо ҳизбиён дар  шароити  имрӯза аз  он  иборат аст, ки  дар  тарғиби  ғояҳои созандаи ҳизб, ки аз дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат машаъ мегирад мардуми  мамлакатро  ҳарчи  бештар огоҳ  намоем ва  онҳоро  ба  самти  роҳи  саодат, ки  онро Ҷаноби  Олӣ  барои  мо  чун қутбнамо муайян намудаанд, сафарбар  намоем. Зеро  сиёсати  Пешвои  муаззами  миллат, роҳбари  азизу муътабари  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои  миллӣ ва  омили  пешбурди ҳаёти  ҷамъият аст.

   Мо бояд ба таври огоҳона дарк намоем, ки ҳар  шаҳрванде, новобаста аз  ин ки  дар  чӣ  мақому  вазифа ва  дар чӣ  ташкилоту муассиса кор  мекунад, дар  назди  ҷомеа  ва  Ватани худ масъул аст, ки  барои  рушди  муносибатҳои  навини  иҷтимоӣ ва  тарғибу ташвиқи  гиромидошти  арзишҳои  ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ  ҳисса гузорад  ва  мардум  дарк  намоянд, ки ҲХДТ  ҳақиқатан  ғамхори  мардум  буда  барои  беҳбуд бахшидани  рӯзгорашон  мутазам  саҳмгузор  мебошад.

   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ростои истиқболи  сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардумро ба ободкорию рушди маҳалҳо сфарбар  намуда. бо  ин  васила  нуфузи  худро  дар  байн  мардум хеле  мустаҳкам  намуд.

  Ҳизбиёни  вилояти  Хатлон бо  мақсади  боз  ҳам  наздик  шудан  бо  мардум ва дар якҷоягӣ  бо  худи  сокинон  ҳаллу  фасл  намудани  мушкилоти  ҷойдоштаи  маҳалҳро  таҳти Аксияи  унвони  «Якҷоя  ҳал  мекунем!» корро  роҳандози  намуданд,  ки ба  рушди  деҳот  мусоидат  намуд.

   Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мардум робитаи  мустаҳкам  дошта ҳизби  мардуми  будани худро бори  дигар  нишон  дода дар ҳалли мушкилоти мардум саҳмгузор буда, робитаи  мардумро  бо  мақомоти  давлатӣ таъмин  менамояд.

   Боварии  комил  дорам, ки  мардуми  Тоҷикистон  бо  дарки  амиқи масъулият  барои  фардои  дурахшони кишварамон  ба  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар инихоботи  имсола  овоз  медиҳанд.

 

Абдиев  Илёсномзад  ба  вакили Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳияи Носири  Хусрав. 

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.