Баромади раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н. бахшида ба Ҷашни Сада

 Ҳозирини гиромӣ,

 Ҳамдиёрони азиз!

        Бо самимияти бепоён ва як ҷаҳон умеду ормонҳои нек Шуморо бо фарорасии Ҷашни Сада, ки аз ҷашнҳои ниёгони мо маҳсуб меёбад  табрику муборакбод намуда, ба Шумо файзу баракат ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.       

       Хушбахтона дар кишварамон  ҷашни Сада бо хиради созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни  ироаи Паёми хеш ба  Маҷлиси олӣ изҳор доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо , мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули  таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ зарур аст,ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд»

          Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

       Доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни Сада таърихшиноси маъруф, номзади илмҳои таърих, дотсент Муҳитдинҷон Файзуллоев чунин ибрози андеша намудааст:     “Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад”.

         Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

        Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари Ориёно падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

       Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб — ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад.

      Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомоти хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд. Беҳуда нест, ки яке аз шоирони тавоно Манучеҳри Дамғонӣ чунин менависад:    

  Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

  Ҷашни Сада талояи Наврӯзи  навбаҳор.

      Ҷашни Сада ба оини  Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол  пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.    

      Ҷашни Садаро гузаштагони тоҷикон ба он хотир таҷлил мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз гузашта сардиҳо пушти сар шудаанд. «Гузаштагони  мо солро ба ду тақсим мекарданд. Панҷ моҳ зимистон ва ҳафт моҳро тобистон медонистанд. Дар рӯзи се моҳу даҳ рӯз гузаштан аз зимистон, яъне ба тобистон 1 моҳу 20 рӯз мондан  Садаро ҷашн мегирифтанд» 

          Ба андешаи баъзе фолклоршиносон  ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад. Зардуштимазҳабони остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомот пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5 — 6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад. Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст:

 Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш  ба тироз

        Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

        Иди Сада — нахустин муждаи наздикшавии Баҳор мубораку фархунда бод!   

        Бори дигар фарорасии ҷашни Садаро ба тамоми мардуми шарифи ноҳиямон, ки ин ҷашни умумихалќиро таҷлил мекунанд,  табрик гуфта, дар раванди  созандагии  Ватани муќаддасамон  ва таҳкими иќтидору обрӯи  Тоҷикистони  азизамон ба кулли  мардуми  кишвар,  ба ҳамаи сокинони  ноҳия барору комёбиҳои рӯзафзун орзу  менамоям.

        Ҷашни “Сада” ба ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ муборак бошад. Ҳамеша  тансиҳату  хонаобод ва пирӯзу сарбаланд бошед!

  Ҳамдиёрони  азиз!

IMG_20200119_100538.jpgIMG_20200119_100137.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.