Санаи 14-уми январи соли 2020 дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи Ҷадвали таъсисгардидаи конференсияҳои ноҳиявӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раиси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода С.Ҷ. кори худро идома дод. Вакилони Конференсия, ки аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳия пешбари шуда буданд дар кори Конференсия иштирок намуданд. Дар Конференсия 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар масъалаи якум пешбарии номзад ба вакилии маҷлиси маҳалии вакилони халқ дар ҳавзаҳои якмандатии вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботи Носири Хусрав № 31 ва ҳавзаҳои якмандатии ноҳияи Носири Хусрав таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Носири Хусрав баргузор гардид. Дар конференсияи вакилон аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Носири Хусрав тибқи моддаи 24 ва 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалли халқ” пешбари карда шуданд. Бо ҳамин Конференся ба кори худ анҷом бахшид.
Солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарвари давлат "Солҳои рушди соҳаи саноат" эълон карда шуд.
User login
Даҳсолаи байналмилалии амал
«Об барои рушди устувор»,
солҳои 2018-2028
ИСТИҚЛОЛ
ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ ВА НИШОНАИ ПОЙДОРИВУ БАҚОИ ДАВЛАТ