Андеша. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз ҳиссаи сазовори худро мегузорад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба рушду ободу шукуфон аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъмин босуботи Тоҷикистон аст.
Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити имрӯза ба як қувви пешбари ҷомеаи навини кишаврамон қарор дорад, ки мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъол намуда, ба он бовар намуда , дар ҳамкорӣ бо мардум вусъат бахшида, боварии мардумро сазовор гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкориро дар маҳаллаҳо густариш дода, бо мардум наздик шуда иртиботро ба деҳот пурзӯр намуда, дар раванди рушди иқтисодиву иҷтимои кишвар бахусус деҳот саҳми худро гузошта истодааст. Дар васоити ахбори ҳизбӣ, сомонаҳои ҳизб инчунин дар сомонаҳои интернетӣ рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тасми гирифта, дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат дар сафи пеш мебошад. Мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ қобиляти ҳар як шаҳрванд мебошад.
Имрӯзҳо мо дар давраи омодагӣ ба баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» таҳия ва дар Анҷумани навбатии ҳизб тасдиқ гардид, ки дар асоси таҳлилҳои илман асоснок таҳия гардида, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва мақсаду мароми ин сиёсат ба пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад хеле ҷолиб мебошад.
Итминони комил дорам, ки қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо сокини ин сарзамин иборат аз он бошад, ки истиқлоияту озодии Ватанамонро чун неъмати бебаҳо гироми дорем ва барои пешрафту гулгулшукуфоияш заҳмат ба харҷ диҳем, сарҷаъмона кору фаъолият намоем.
Бо ин андешаю хулосаҳои баровардаам барои пешрату шукуфоии Тоҷикистони азиз, барои ояндаи фарзандонамон мулки ободу хуррам боқи гузоштан ман ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихобот овоз медиҳам ва итминони комил дорам, ки ҳар як фарди бо нангу номуси ин Ватан ба хотири ояндаи пурсаодати наслҳои ояндаи халқи худ ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , дар бюлутени интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ дар рақами 7 -ум номнавис мебошад райъи худро медиҳад.
Аъзои ҲХДТ
Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Д.Н.