Паёми Президент моро ба қуллаҳои боз ҳам баланду ободии Ватан мебарад.

Андеша, аз  Паём  то  Паём. Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷаноби  Олӣ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни  ироаи   Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2018-ро  барои  мардуми  Тоҷикистон соли  таърихӣ  ном бурданд.

Ҳақиқиқатан соли   сипаригардидаистода низ  барои  мардуми  Тоҷикистон соли  бобарор  ва  пурфайзу  баракат  мебошад..

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташакул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муаянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии  он мебошад. Паёми соли  сипаригардида мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир таҳия шудааст.Дар паёми соли  сипаргаштаи хеш Пешвои  миллат ба масъалҳои муҳиму ҳалталаби имрӯза, хусусан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бо маърифат, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои амалигардонидани ҳадафҳои стратегии давлат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии комил, азнавсозии роҳҳои мошингард, таъмини  солимии  ҷомеа ва ҳифзи  иҷтимоӣ  аҳолӣ дикқати ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Соли сипаригардида    агрегати  дуюмини   Нерӯгоҳи  обии  барқии  Роғун ба  кор  андохта  шуд, ки  он  маҳз  бо  заҳмату талошҳои  созандаю  бунёдкоронаи  Пешвои  муаззами  миллатамон  амалӣ  гардид, ки  ин  яке  аз  дастовардҳои  бузуги  халқи  тоҷик  дар  замони  соҳибистиқлоли  ба  шумор  меравад. Маҳз  бо  пурра  ба  кор  даромадани  ин  иншооти  бузурги  тақдирсози  миллат, тамоми  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  мамлакат рушду  нумуи  тозаро  касб  намуда,  дар  роҳи  расидан  ба  ҳадафи  олӣ, яъне  ба  қатори  давлатҳои  пешрафтаву  тараққикарда  расидани Тоҷикистон қадами  устуворе  гузошта  хоҳад  шуд.

Дастоварди  дигаре, ки  барои  мардуми  тоҷик  хеле   назаррасу зарур  буд  ин  барқарор  гардидани  муносибатҳои  дӯстонаву  бародаронаи  байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба  шумор  меравад. Бешубҳа  ин  саҳифаи  нави  таърихист, ки  бо  шарофати  он  минбаъд мардуми  тоҷику узбек ба  комёбиҳою  мувофиқатҳои  нав  ба  нав  ноил  мегарданд. Натиҷаи  хурсандовари  он  барои   ҳар  як  сокини  ноҳияи  Носири  Хусрав ки  бо Ҷумҳури  Узбекистон  ҳамсарҳад  мебошад хеле  хотимон  аст.  Сокинони  ноҳия   бо  ба  имзо  расидани  созишномаи  шарикии  стратегӣ байни  кишварҳо  рафтуомади  озод  таъмин  гардида  мардуми  ноҳия ба  дидори  хешу  табори  худ  рафту  омад  намуда  истодаанд. Ин  пеш  аз  ҳама  бо  шарофати  хизматҳои  пайвастаи  Сарони  ду давлати  дӯсту  ҳамсоя амали  гардид.

Зимни  ироаи  Паём  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  масъалаи  дастгирии  соҳибкорон муфасал  истода  гузашта оид  ба  саҳми  соҳибкорон  дар  пешрафти  иқтисодиёти  кишвар муфассал баён намуда, барои дастгирии  соҳибкорон  дар  солҳои  2019-2021  тамоми  санҷшҳои  фаъолияти  соҳибкорӣ дар  соҳаи  истеҳсолӣ  маън  карда  шуд.  Инчунин  бо  мақсади  дастгирии  минбаъдаи  соҳибкорон  дар  кишвар   «300 рӯзи   ислоҳот оид ба  дастгирии  соҳибкорӣ  ва  беҳтар  намудани  фазои  сармоягузорӣ» пешниход  ва  амалӣ  гардида  истодаанд.

Бо  мақсади  вусъат  бахшидан ба  ҳалли  масъалаҳои  деҳот, боз  ҳам  обод  намудани  кишвар, ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолии  деҳот,  солҳои   2019-2021    « Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардумӣ»  эълон  гардид, ки   мақсади  Ҳукумати  мамалакат ба  хотири  боз  ҳам обод  кардани  Тоҷикистон  мебошад.

Дар  раванди  ин дастурҳои  Паём  дар ноҳия Носири  Хусрав  бахшида  ба  амалигардонии  ташаббуси  чоруми  ҷаҳонии   кишвари  мо  дар  соҳаи  об – Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об  барои  рушди устувор, солҳои 2018-2028»  дар  4  деҳаҳои  ду  ҷамоатҳои деҳоти  ноҳия  барои  сокинон  бо  ҷалби  сармояи  ташкилотҳои байналмиллии  «Ҳамсоягии  нек» (Международное  добрососедство) давлати Кориё чоҳҳои амуди  кофта  бо  оби  тозаи  ошомидани  таъмин  гардиданд.  Инчунин зиёда  аз  6  км.  роҳхои  байни  хоҷагиҳо таъмиру   азнавсозӣ карда  шуда, зиёда  аз  28 км. роҳи  байни  кӯчаҳои  деҳаю  маҳаллаҳо  сангфарш  гардиданд.

 Бо  эълон  гардидани   солҳои 2019-2021 Солҳои  рушди  деҳот,  сайёҳи  ва ҳунарҳои  мардумӣ, ки  бо  ҳадафҳои  мо  ҳизбиён, ки  аз  эълони  Аксияи  ҳизбии «Якҷоя  ҳал  мекунем!» бар  меояд  қисмат  амалии  Аксияи  мазкур  ба  хотири  таъмини  шароити  арзандаи  зиндагӣ  бо  ҷалби  сокинон  як  қатор  корҳои  ободонӣ  роҳандози  гардида  истодаанд.   

Дар  Паём  ба ҳамаи  бахшҳои  ҳаёти  давлатдорӣ  баҳои  сазовор  дода  шуда аз  вазъи  ноороми  ҷаҳони  муоссир дар  шароити  шиддат  ёфтани  рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ таҳдиди  хатарҳои  глобалӣ  ҳаматарафа таҳлил  гардида,  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ идома  ёфта,  барои пешрафти  самарабахши  онҳо  пайваста  кӯшиш  ба  харҷ  дода  мешавад.

Мо  сокинон, ҳар  як  фарди  бонангу  ори  кишвар бо  назардошти  вазъи  ноороми  минтақа ва  ҷаҳон  зиракию ҳушёрии  сиёсиро   аз  даст  надиҳем, Ватани  соҳибихтиёри  маҳбубамонро  дӯст  дорем  ва  ба  он  содиқ  бошем.  Тамоми сайъу  талоши  худамонро  ба  хотири   пешрафту  нерӯманд  гардонидани  он ва  дар  арасаи  байналмилалӣ  боз  ҳам  баланд  бардоштани  нуфузи  эътибори  Тоҷикистони  азизамон  равона  созем.

  Ба сулҳу  субот ва  оромии  кишварамон шукрона  гӯем, ба  қадри дастовардҳои  даврони  соҳбистиқлоли  бирасем ва  тамоми  саъю  талоши  худро  ба   рушду  тараққи  ва  ободии  Ватани  маҳбубамон  равона  созем.

 

 Ализода Сураё  Ҷура

  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи

  Носири  Хусрав

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.