Дар таърихи 20.11.2019 дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳия маҳфили шеър таҳти унвони“Зан- модар пайвандгари наслҳо” баргузор гардид.

Дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, он ҷомеа босуръат пеш хоҳад рафт  ва дар он шумораи зиёди фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”,-гуфта буд дар яке аз суханрониҳояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Бинобар ин  дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 20- солагии  қабули фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 ”Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа”  тадбирҳои муассир  роҳандозӣ гардидаанд, ки  омили асосии пешсаф гардидани  занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва ҳама риштаҳои зиндагӣ  ва аз ҷумла дар тарбияи фарзанд  гардидаанд.

Тибқи нақшаи болозикр дар таърихи 20-уми моҳи ноябри соли равон дар Китобхонаи Арабхона  маҳфили шеър дар мавзӯи “Зан-модар пайвандгари наслҳо”бо ташаббуси китобдорони китобхонаҳои Ҷамоати деҳоти ноҳия   баргузор гардид .

Чорабинӣ бо ибтикори  бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо  китобхонаҳои ноҳия дар сатҳи баланди маърифатӣ доир гардид.

Набизода Инобат мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нахуст ба сухан баромада, қайд намуд, ки чорабинии имрӯза  баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, арҷгузори ба зан-модар , инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон ва таҳкиму устувории оила мусоидат менамояд.

Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки  дар  замони муосир, ки ҳар лаҳза хатари экстремизму   терроризм  ба тамоми сайёра таҳдид менамояд ва аз шумори  ҷавонони аз китобу мактаб бехабар  гурӯҳҳои ҷиноӣ ташкил намуда мехоҳанд, ки  тухми инсониятро пок созанд, маҳз,  модари босаводи хуб тарбияёфта  лозим аст, то тавонад  насли наврасро  дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намояд ва ба ин васила  онҳоро аз роҳи бад боздорад.

Сипас,  хонандагони муассисаҳои таълимии  ноҳия  дар васфи   зан- модар пайвандгари наслҳо  шеърҳои пурмазмун қироат намуданд, ки дар зеҳни тамошобинон меҳри беандоза  нисбати ин олиҳаи бузург ҷо  намуданд.

Дар фарҷом  ба беҳтаринҳо  аз номи бахши фарҳанги ноҳия ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ифтихорнома  супорида шуд.

Қайд кардан ба маврид  аст, ки чунин силсилаозмунҳо аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста баргузор мегарданд ва дар тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми муассир мегузоранд. 

20191120_103435.jpg20191120_102734.jpg

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.