Шаби 6-ноябри соли 2019 замоне, ки мардуми сарбаландӣ ҷумҳурии азизамон баъди таҷлили Ҷашни бузург-25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар ба болини умеду орзу ниҳоданд ва барои рӯзи дигар нақшаи ҷадиди созандагиро дар хаёлҳои хеш тарҳрезӣ менамуданд, баногоҳ шумхабари ҳамлаи гурӯҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод” дар тамоми шабакаҳои интернетӣ пахш гардид.
Имрӯз як гурӯҳ фарзандони замоне барои миллату давлат”содиқ”, амсоли гурӯҳҳои террористиву экстеримистии “Гурӯҳи 24” ва “ҲНИТ” ба ҳар восита ҷидду ҷаҳд доранд, ки доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвар ва саодати мардуми саодатманди он халал ворид намоянд.
Мардум хуб дар ёд доранд воқеаҳои хунини соли 2012 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ҳодисаи даҳшатангези соли 2015 дар шаҳри Душанбе ва ҳодисаи хунин, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дода буд. Душманони дохилӣ бо ҳидояти хоҷагони зархариди хориҷиашон бо истифода аз дигар гурӯҳҳои тахрибкор мехостанд ба воситаи амалҳои ваҳшиёнаашон , яъне, куштори одамон рӯҳияи ин мардуми озодандешу инсонпарварро дигар созанд ва номи миллати тоҷику Тоҷикистонро аз олам пок соз созанд.
Аммо чун диданд, тирашон ба ҳадаф нарасид, ин маротиб ҳам бо истифода аз силоҳи оташфишон мехостанд, амну осоиштагии ин халқи сулҳхоҳу сулҳпарварро халалдор созанд.
Аммо ин турфа одамони аҳриманкеш шояд фаромӯш карда бошанд, ки мардуми ин кишвари бузург дар гирди Пешвои муаззами миллат чун парвона гирди шамъ ҷамъ омада, бори дигар дарк намуданд, ки ба Ӯ содиқ бояд буд, зеро бо иршодоти ҳакимонаи ин фарзона фарзанд мо тавонистем бо ақли солиму заковату нерӯмандӣ ба аъмоли разилонаи гурӯҳҳои тахрибкору ҷинояткор хотима бахшем.
Ҳамлаи гурӯҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод”аҳли зиёи ноҳия ва мардуми шарафманди ватандӯстдори ноҳияи Носири Хусравро бори дигар ҳушдор дод, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифозати марзу буми кишвар ва хифозати нангу номуси мардуми он ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
Мо амалҳои тахрибкоронаи ин гурӯҳи ҷинояткорро маҳкум менамоем!
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин гурӯҳи ҷинояткор дастгир хоҳанд шуд ва дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Мо итминони комил дорем, ки миллати бовиқори тоҷик аз суннат, ақл ва хиради азалии хеш истифода менамояд ва дар масири ҳикмату хирад ва арзишҳои воло ҷовидон боқӣ мемонад.
Душманони миллат бояд инро фаҳмида гиранд, ки ҳама гуна ҳодисаҳо ва воқеаҳои хатарзо ва маргборро, ки онҳо бар сари миллат меоранд, миллат аз он ноумед намегардад, балки қавитар гардидаву бо хиради воло ва заковаташ дар ҳар набард музаффарият ба даст меорад ва парчами пирӯзиро баландтару баландтар боло мебардорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав