Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи ҳар як миллат санаҳои тақдирсоз ва муҳиме ҳаст, ки барои миллат азизу гиромӣ буда, боиси ифтихору сарфарозии вай гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон санади тақдирсози миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, орзуву омоли мардумро амалӣ менамояд ва миллати сарбаланди тоҷикро ба сӯи ҷомеаи бунёдкор ва созанда роҳнамоӣ месозад. Истиқлолият ва давлат-дории миллӣ таҳкурсии ҳамаи муваффақиятҳои мост. Дарҳақиқат Конститутсия низ аз истиқлолият сарчашма мегирад.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиб-истиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавишт-соз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.
Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муоссир мунаввар мегардонад.
Ҳамин тариқ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъпурсии умуми-халқӣ қабул карда шуд ва он дастовардҳое, ки дар бисту панҷ соли амалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби ҳалқу давлат гардид, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хираду заковати азими миллати тоҷик мебошад.
То ин давра ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудааст: якум маротиба 26 сентябри соли 1999, дуюм маротиба 22 июни соли 2003 ва охирон маротиба 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва субботу устувории ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари Конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демо-кратӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.
Конститутсия муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро низ ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст.
Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи мақомотӣ давлатӣ вогузор менамояд, ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳимояи ҳуқуқӣ озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки марказӣ ворид намуда, дигар усулу принсипҳоро дар атрофи он муттаҳид месозад. Маҷмӯи имко-ниятҳои амалӣ ҳуқуқӣ ба сифати ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шуданд, ки бидуни онҳо инсон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа рушду нумӯ ёфта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи ҳуқуқҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд то дами марг барои мавҷудияти инсон шарт ва заруранд, дар ин модда ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда, дар моддаҳои дигари Конститутсия ва санадҳои байналмиллалӣ муқаррар ва таҳким гардидаанд. Таъмини ҳимояи ин ҳуқуқҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷӣ кишвар бо воситаҳои муайянкардаи қонун сурат мегирад.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии субботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст.
Омили муҳими амалӣ шудани ин талабот ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи вобаста аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоем, ҳуқуқҳои худро донему омӯзем ва нагузорем, ки касе онҳоро сарфи назар намояд. Донистани қонун ва зистан дар доираи қонун, дар ҷамъият, ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳуқуқу озодиҳоро давлат эътироф мекунад. Яъне онҳоро ҳамчун заминаи мавҷудияти инсон дар сарчашмаҳои расмии ҳуқуқ эътироф мекунад, риоя ва иҷрои онҳоро бо кафолатҳо таъмин менамояд. Давлат барои риояи дурусти ҳуқуқу озодиҳо шароит фароҳам меварад,
Ҳар як шахс дар ҷомеа ҳуқуқҳои баробари зиндагии арзандаро дорад. Барои сазовор гардидан ба зиндагии арзанда бояд ҳамаи мо ба муқобили зуҳуроти номатлуби дар ҷомеа ҷойдошта ба мисли шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрави терористӣ ва экстремисти, ҷиноят-корӣ, фиребгарию қаллобӣ, нашъамандӣ, хешутаборчигӣ бо истифода аз мансаби давлатӣ ва хурофотгароиҳои динӣ муборизаи беамон барем. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқ-лолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида, роҳи худро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.
Бо ҳамин орзӯю умедҳои нек мардуми меҳнатдӯсту қавӣ ирода ва бо ору номуси ноҳияро ба ҷашни бузург 25 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта ба Шумо рӯзгори ободу осуда, сиҳатмандиву некрӯзи орзу менамоям ва бигзор шӯълаҳои хуршеди сулҳ хонадони ҳар кадоми шуморо пайваста мунаввар гардонад ва роҳи бунёди фардои обод, ваҳдату якдилӣ илҳомбахши Шумо бошад!
25-солагии Рӯзи қабули Консти-тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!
Саодатманду хонаобод бошед!