Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат!
Ҷаноби Олӣ!
Зиндагӣ ва фаъолияти серҷабҳаи Шумо мактаби бузурги сиёсӣ буда, он бо гузаштаи дур ва ояндаи пурнури Давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик пайванди қавии мантиқӣ дорад, мантиқи созанда ва мутобиқ ба меъёрҳои башарии ҳамзистии осоишта дар замони муосир.
Шумо дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва раванди миллатсозӣ, дар баробари таҷрибаи бойи давлатдории миллӣ ва сиёсатмадории миллӣ, аз таҷрибаҳои нодири сиёсати ҷаҳонӣ истифода бурда, беҳтарин дастовардҳои аҳли башарро дар сулҳофарӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ корбаст намудед.
Дар давраи ҳассостарини таърихи меҳанамон самтҳои инкишоф ва аҳдофи стратегии кишварамонро муайян карда, ҳадафмандона дар ин ҷода қадам задед, дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ғояи андешаи миллиро, ки асосашро ваҳдати халқҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, тақвият бахшидед.
Бо дарки моҳияти ҳидоятҳои падаронаи Шумо имрӯз ҳар як сокини Тоҷикистон манфиати миллиро аз манфиати шахсии хеш боло мегузорад. Ин омил далели аз нигоҳи мафкуравӣ пеш рафтани ҷомеа ва бо равандҳои инкишофи ҷаҳони муосир ҳамқадам будани мардуми моро собит месозад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба рушд аст. Ба шарофати сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии Шумо кишвари мо дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳалли аҳдофи стратегӣ, ташаббусҳои наҷиби Шумо дар рафъ кардани мушкилоти минтақавӣ ва фароҷаҳонӣ дар доираҳои сиёсии ҷаҳон муҳим арзёбӣ шуда, Шумо, барҳақ, ба дарёфти унвони Пешвои асри XXI ноил гардидед.
Ватанро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, масоили озуқавориро ҳал намудед. Бо бино кардани Кохи нури “Роғун” собит сохтед, ки халқи тоҷик неруи созанда, дасти гиро ва рӯҳияи бузурги офарандагӣ дорад.
Имрӯз Шумо оид ба гуфтугӯи тамаддунҳо ва пешгирии хатарҳои глобалӣ масъалагузорӣ карда, мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳонро ҳушдор медиҳед, ки дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ҳамдасту ҳамдил бошанд.
Пешвои муаззами миллат!
Мардуми шарафманди Хатлон Шумо, фарзанди фарзонаи миллат, давомдиҳандаи пайкори Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуровро эътирофу эҳтиром карда, бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон ва девори устувори Истиқлолияти давлатии кишварамон меҳисобанд. Самимона дӯстатон медоранд ва пайрави ҳақиқии Шумо ҳастанд. Аз ин нуқтаи назар зодрӯзи Шумо як санаи муҳим дар таърихи давлатдории муосири мо маҳсуб меёбад ва барҳақ бояд иди миллӣ бошад. Мо бо Шумо ифтихор мекунем!
Тавъам омадани санаи таваллуди Шумо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек асту хосият дорад. Агар забон ҳастии миллату бақои давлат аст, Шумо посдору кафили пояндагии Истиқлолияти давлатӣ ҳастед.
Зодрӯзи муборакатонро аз номи кулли мардуми Хатлонзамин сидқан шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом ва дар фаъолияти сиёсию давлатиатон комёрӣ орзумандем.
Бигузор ситораи иқбол болои саратон нурафшонӣ намояду саодати комил насибатон бошад, то дар сояи қудрати Шумо тамоми мардуми Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи дурахшони Ватани азизамон устуворона қадам ниҳанд.
Зодрӯзатон ҳумоюн бод!
Аз номи мардуми
шарафманди вилояти Хатлон