Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Бешкаппа”-и Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар он масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ сухан ронда, сокинонро ба ободонию созандагӣ барои боз ҳам шукуфонтар шудани Ватани азизамон, анҷоми корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ раҳнамоӣ намуданд, ки ин вохӯрӣ ба иштирокдорон писанд омада, чанде аз онҳо пешниҳод карданд, ки суҳбату мулоқотҳои судманд пайваста роҳандозӣ карда шаванд.
Инчунин, дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҷумаев Ҷӯрабек мизу курсиҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш аз нав таъмир намуд.