Сухани табрикотии И.в. раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Д.Н. бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ

Ҳозирини гиромӣ!

Табибони ҳозиқу меҳрубон!

      Зодрӯзи  яке аз мутафаккирони Шарқ Абӯалӣ Ибни Сино, ки дар пешрафту инкишофи илми тибби ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузоштааст, ба рӯзи иди касбии кормандони  соҳаи  тандурустӣ  рост омадаст.

     Абӯалӣ Ибни Сино дар рушду пешрафти тиббӣ ҷаҳонӣ нақши муоссир дошта, ҳанӯз дар давраи зиндагиаш сазовори номи пуршараф  гардида, дастоварду кашфиётҳои илмиаш, аз ҷумла китоби «Ал-қонун – фит-тиб» то ҳанӯз китоби рӯи мизии олимони соҳаи тибби давлату миллатҳои  рӯи  замин буда, мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дорад.               

        Абӯалӣ Ибни Сино олим, мутафаккир, шоир ва  нависандаи  барҷастаи  халқамон буда,  дар  осмони  илму  адаби  асри  Х1  монанди ситораи  муҷаллое  дурахшид ва  осори  таърихии илми тибро аз худ ба  ёдгор  гузошт.  

DSCF9181.JPG       Имрӯз маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар кишварамон номҳои ноҳия, ҷамоат, деҳа, кӯча, боғ, хиёбон, донишкада,  қасри фарҳанг,  муассисаҳои  таълимӣ, омузишгоҳ, ҳатто корхонаҳо бо номи ин шахсияти шинохтаи ҷаҳонӣ номгузорӣ шуда, пайкараҳояш низ   бешумор  қомат афрохтаанд.

     Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз иди касбии кормандони соҳаи тандурустиро ҷашн гирифта истодаем. 

        Ташаккул ва рушди ҷомеаро бе пешрафти соҳаи тандурустӣ тасаввур кардан  имконнопазир аст. Чунки ҷомеаи солимро инсони солим ба вуҷуд меорад.

         Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  дарки ҳисси масоили иҷтимоӣ, хусусан тандурустӣ, қайд менамояд, ки «Ҷомеаи солим аз фардҳои рӯҳан солим ташаккул меёбад».

          Пешравии  соҳаи  тандурустӣ  бешубҳа  аз  таъминот, ҷо ба ҷо гузории дурусти кадрҳо, савияи дониши мутахассисон ва истифода аз дастовардҳои  навини илми тиб  вобастагӣ дорад.

        Айнӣ замон дар ноҳия 33 муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, аз ҷумла; як беморхонаи марказии ноҳиявӣ, як беморхонаи  минтақавии  рақамӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 21 бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ, як маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, як маркази пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам, як маркази ташакулли тарзи ҳаёти солим, як маркази пешгирии бемориҳои сил ва шуъбаи дезинфексия омодаи хизматрасонии тиббӣ мебошанд.

       Беморхонаи марказии ноҳия, дорои 155 кат буда,  беморхонаи минтақавии рақамӣ дорои 35 кат мебошад.

      Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия  24 нафар духтурони маълумоти олидор, 117 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино 37 нафар донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил карда истодаанд, ки 27 нафарашон аз ҳисоби квотаи Президентӣ мебошад.

         Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби гурӯҳҳои мақсадноки филиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар назди беморхонаи марказӣ 3-гурӯҳ ташкил карда шуда, дар он 33 нафар донишҷӯ бо ихтисоси кори ҳамширагӣ  таҳсил менамоянд.

       Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар ноҳия зиёда аз 34 нафар духтурони маълумоти олидор ва 15 нафар кормандони миёнаи тиб намерасанд.

      Баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии аҳолӣ дар давоми солҳои охир зиёда аз 10 бунгоҳҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 

       Беморхонаи марказӣ ва беморхонаи рақамӣ  таъмири замонавӣ гузаронида шуда, бо таҷҳизотҳои тиббии навтарини замонавӣ таъмин гардонида шуданд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, онро соҳаи  афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ мешуморад ва ҳадафи асосии ислоҳоти соҳа дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ пеш аз ҳама ба табақаҳои камбизоати он, пиронсолону маъюбон ва модарону кӯдакон мебошад.                                      

        Бо мақсади суръатбахшӣ ба раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вусъат додани бунёди иншооту муассисаҳои тиббӣ, таъмиру тармими онҳо чораҳои имконпазир амалӣ шуда истодааст.

      Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ин рӯзи фараҳбахш Шумо табибони ҳозиқу меҳрубон ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба муносибати  иди  касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, дар корҳои ояндаатон бурдбориҳо ва рӯзгори хушу осудаи беҳамторо таманно менамоям.

      

      Идатон муборак ворисони Синои бузург! 

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.