ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тибқи  нақшаи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  ташкилоти  ибтидоии  маҳаллаи   “Ҳамро  Олимов”-и Ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол” хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  Кумимтаи  иҷроия  доир  ба  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   оид ба таҷлили  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  Тоҷикистон ҳар  як  шаҳрванди  бонангу  номус  бояд  саҳми  худро  гузорад.  Инчунин, гуфта шуд, ки   ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолӣ  аз  ҷумла  таъмиру  тармими  роҳҳо, бунёди иншоотҳои  иҷтимоӣ  ва рушди инфрасохтори  деҳот,  худ беҳтар  шудани   зиндагии  мардум  мебошад.

Баъдан сокинони  маҳалла  дар  доираи  татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбӣ таҳти  унвони “Якҷоя  ҳал  мекунем!” роҳи  даромади  деҳаро  тозаву озода карда, онҳо ният доранд роҳи  калони  дохили  маҳалларо  ба масофаи  2  км  мумфарш  намоянд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.