
Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тадбиқи бандҳои барномаи ҲХДТ инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодааст. Дар ин самт Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз дошта буданд, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар зиёда аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ бунёд карда мешаванд.
Дар рафти маҷлис байни масъулин ва иштирокдорон саволу ҷавоб ба миён омада масъулини ҳизбӣ ба саволу дархостҳои иштирокдорон ҷавобҳои саҳеҳу аниқ гардониданд.