
Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давдлатӣ. Бо мақсади боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеъ дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи дар маҳаллаи Ҳайдарободи Ҷамоати деҳоти Наврӯз чорабинии ҳизбӣ баргузор намуд.
Масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва мақсаду мароми ҳизбро фаҳмонида, қайд намуданд, ки мақомоти болоии ҳизб бо мақсади таъмини вазифаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» эълон намуд. Аз ин рӯ ба мо сохторҳои ҳизбӣ, инчунин аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро лозим аст, ки корҳои ободонию созандагиро дар маҳал бо маром ба роҳ монем.
Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи деҳа сангфарш карда шуд.