Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фирӯза вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва тадбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин чорабинӣ масъулин дар назди иштирокдорон баромад намуда, оиди хатарҳои тероризму экстримизм, боло бурдани донишҳои сиёсию маънавӣ ва оиди татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки то соли 2021 идома дода мешавад, андешаронӣ карданд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар якҷоягӣ бо сокинон ҷиҳати амалисозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби экскватор ҷӯю каналҳо ва обравҳои деҳаро аз партовҳо тоза кардаанд.