Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 15 май дар кохи фарҳангӣ ноҳия бо иштироки васеи занон аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии илмию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид.
Раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳия Алиева Сураё дар чорабинии мазкур баромад намуда иброз намуд, ки дар марҳилаи таҳкими пояҳои давлатдорӣ и миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳими рушди иқтитсодиву иҷтимоии суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худогоҳии мардум мебошад. Бинобар ин таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили оила ва занон, яке аз ҳадафҳои асосии Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мо мебошад.
Ба як қатор оилаҳои намунавӣ мукофотҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.
Аз рафти баргузории таҷлили Рӯзи оила аксҳо бардошта шуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Носири Хусрав С. Алиева .