Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз бозорчаи ҳудуди шаҳраки Баҳори ноҳия дидан намуда, баҳри фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои диннии моҳи мубораки шарифи Рамазон, дастгирии қишри ниёзманд муътадил ва дастрас нигоҳ доштани нархи ҳамагуна маҳсулоти истеъмолӣ бо кишоварзону соҳибкорон суҳбатҳои судман гузарониданд.