НИГАРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЗАРУРАТИ ЭҲЁИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

АНДЕША. Чуноне тамоми сокинони кишвар огоҳанд, санаи 10.05.2019 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд. Зимни суханронии худ дар ин мулоқот Пешвои миллат вазъи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даҳ соли ахир амиқан таҳлил намуда, ба моҳияти масъала ба таври интиқодӣ бархурди ҷиддӣ намуданд ва омилҳои манфии таъсиррасонро ошкор намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре медонем, Пешвои миллат ободии кишвар ва ба зиндагии шоиста даст ёфтани мардумро дар меҳвари сиёсати созандаи худ қарор додаанд. Бо назардошти ин, дар мулоқоти мазкур қайд намуданд, ки: “... ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса, рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Ҳамзамон, Пешвои миллат нисбати қонунвайронкуниҳо аз ҷониби мансабдорон, ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сохтакориҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ, ба манбаи манфиатҳои шахсӣ табдил додани вазифаҳои масъулиятнок аз ҷониби баъзан мансабдорон ва монанди инҳо сахт изҳори нигаронӣ намуданд.

Бо назардошти ин, бояд дар ёд дошта бошем, ки ҷиҳати рушди устувору муназзами иқтисодиёти ватанамон, дар баробари шахсони масъули вазорату кумита ва идораҳои дахлдор мо шаҳрвандон низ масъулияти калон дорем ва дар ин росто мавриди муҳимме пеш омадааст, то масъулияти баланди шаҳрвандиамонро зоҳир намоем.  

Яке аз нишонаҳои равшани масъулияти шаҳрвандии мо дар муносибати бовиҷдонона ба буҷаи давлат ва воситаву таҷҳизоте, ки бо маблағгузории буҷа таъмин гардидаанд, зоҳир мешавад. Яке аз нигарониҳои Пешвои миллат низ дар ин росто, истифодаи ғайримақсадноки буҷаи давлатӣ ва сӯистифода аз мансабҳои ишғолнамуда ҷиҳати зарар расонидан ба буҷаи давлат ба хотири манфиатҳои шахсӣ мебошад. Ин мансабдорон кӣ ҳастанд? Набояд фаромуш созем, ки дар кадом мансабу вазифае набошем, пеш аз ҳама шаҳрванди кишвар ва аъзои ҷомеа ҳастем. Яъне мансабдорон ҳам пеш аз ҳама аъзои ҷомеа буда, аз миёни мову Шумо баромадаанд ва бо ҳамон рӯҳияе кору фаъолият мекунанд, ки аҳли ҷомеа ба онҳо таъсиргузорӣ кардааст. Тавре Пешвои миллат ишора намуданд, ягон мансабдор аз осмон начакидааст. Касеро ҳам аз дигар сайёра наовардаанд. Ҳар чизе, ки ҳаст аз мост, ки бар мост. Маҳз ҳамин фаҳмишҳои нодурусти дар миёни ҷомеа шаклгирифта, амсоли “дар осиёб даромадӣ, гардолуд мешавӣ”, “вазифаро гирифтӣ, аввал шароитатро хуб кун” (ду-се мошину ду-се хона ва ғайра гир), “ҳама тамаъ доранд, аз гала ақиб намон, ки ёлу думат мерезад”, “вазифа гирифтӣ моро фаромӯш накун”, “пора додан пеши коратро мекушояд” ва ғайра боис гардиданд, ки дар низоми иқтисодӣ як қатор монеаҳои сунъӣ ба вуҷуд биёянд. Дар ҳаёт ба даҳҳо нафароне во хӯрдан мумкин, ки аз корупсия ва тамаъкории ин ё он мансабдор шикоят мекунанд, ки то фалон миқдор нагирифт, корамро буд накард.  Аммо вақте решаи масъаларо мебинем, ҳамин бечоранол худаш пора пешниҳод кардааст, ё ин ки агар пурсем, худат дар ҷойи ҳамон мансабдор мешудӣ чӣ кор мекардӣ, ҷавобашон “ҳатман мегирифтам!” аст. Чунин нафарон бояд фикри онро кунанд, ки онҳо пеш аз ҳама на буҷаи давлат, балки кисаи худашонро ғорат карда истодаанд ва рафтори онҳо боис мегардад, ки бо ба мушкилоти молиявӣ афтидани ҷомеа онҳо хоҳанд-нахоҳанд ҳамроҳи хешону фарзандонашон ба ин мушкилот рӯбарӯ мегарданд. Аз сӯи дигар, мо аъзои ҷомеа баъзан фикр намекунем, ки бо чунин принсипҳои ғайриахлоқӣ, ки ҳатто “тақозои замон”-ашон ҳам мегӯем, садҳо нафарро пушти панҷара мебарем ва ҳаёташонро месӯзонем.

Маҳз ҳамин бардоштҳои нодуруст ва ғайриахлоқӣ дар ҷомеа боис гардидаанд, ки садҳо нафари солим худашонро маъюб мегузаронанду даҳҳо нафари дигар тамаъи гирифтани нафақаи хешони фавтидаашонро доранд. Ин омил барои мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мо миллати тамаддунофару фарҳангӣ шармовар аст. Гузашта аз ин, тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (тавре дар суханронии Пешвои миллат садод дод) дар даҳ соли охир аз ҷониби кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст.  Ҳамаи ин омилҳо пеш аз ҳама айби мо аҳли ҷомеа аст, ки фарзандону наздиконамон ва дӯстону рафиқонамонро дар рӯҳияи тамаъкорӣ тарбия намудем ва намуда истодаем. Ҳаёт нишон додааст, ки баъзан занону фарзандон ва хешу ақрабои шахсони мансабдор, чун мехостанд аз бақияи ҷомеа бо сару либоси гаронбаҳо ва мошину хонаҳои бодабдаба фарқ кунанд, боис гардидаанд, ки шавҳару падарон ва наздикони худро ба анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ “ҳавасманд” карда, амалан пушти панҷара баранд ва оилаи ободашонро умрбод бадбахту доғдор созанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилае қарор гирифтааст, ки аз ҳар яки мо аҳли ҷомеа масъулияти баланди шаҳрвандӣ тақозо мегардад. Чуноне Пешвои миллат таъкид доштанд: “Торафт шиддат гирифтани рақобати байналмиллалӣ моро водор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои умумимиллӣ имконоту захираҳои мавҷударо самаранок истифода карда, фазои соҳибкориву сармоягузориро боз ҳам беҳтар ва фаъолнокии иқтисодии аҳолии Тоҷикистонро баланд бардорем”. Дар ростои ин суханҳо дар баробари шахсони масъули давлатӣ, ки дастуроти лозимро гирифтаанд, мо аҳли ҷомеаро низ мебояд новобаста аз шакли фаъолиятамон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоем. Аз ҷумла:

  1. Дар ҷойи аввал манфиатҳои умумимиллиро гузорем, на шахсиву гурӯҳиро;
  2. Ба кор ва нисбати ҳамдигар софдилонаву поквиҷдонона муносибат намуда, фарзандону наздикони худро ҳам ба сӯи амали нек ва дасту дили пок ҳидоят кунем;
  3. Андоз ва дигар уҳдадориҳои молиявиамонро дар назди давлат сарбаландона иҷро намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм гузорем;
  4. Бо назардошти шароити иқтисоди бозорӣ соҳибкор ва корофарин бошем, то худ ва дигаронро ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардонем;
  5. Тафаккури мардумро аз андешаҳои бепояи ба қале “иқтисоди сиёҳ” поккорӣ намуда, миёни ҷомеа принсипи асосии зиндагӣ– дасту дили пок, обу нони ҳалол ва зиндагии бошарафонаро, ки аз гузаштагони пурифтихорамон мерос мондааст роҳандозӣ намоем.   

Дар маҷмуъ, моро мебояд, ки садоқат, заҳмати фидокорона ва хизмати софдилона ба Ватанро пайваста аз Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхта, дар ҳамаи самту соҳаҳо, хусусан, рушди иқтисоди миллӣ саҳми сазовори худро гузорем.

Орзу ҲАМИДИЁН – раиси Кумитаи иҷроияи

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.