ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД АСТ! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

АНДЕША. Дар марҳилаи ҳозира маводҳои пахшкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷузъ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқандозӣ миллӣ афроди миллат нест вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ иқтисоди иҷтимоии Ватан канораҷўӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре аз айбҷўиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ гашта, ба амалҳои миҷаъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «Қаҳрамонӣ, фидокорӣ ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд ба ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро  то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоёни хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳматҳои ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ фориғболию бехаробӣ ва носипосӣ нисбати меъроси маънавӣ фарҳангии он шахсро ба шекори ҳақиқат гузошта ба бегонапарастию қадр накардани ин қиммати дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар омӯзгорон, табибон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарураст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро  на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем,бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаву террористию экстремистӣ «Гурӯҳи 24», «Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Давлати исломӣ», «Ҷунайдулло», «Салафия», “ҳизби наҳзати исломӣ” ва «Ҷамоати таблиғ» дурӣ  ҷӯста, баръакс ба муқобили онҳо муборизаи беамон барем.

Давлатов Сайхуҷа, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ

дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.