Насли калонсоли кишвар ҳанӯз аз хотир набаровардаанд, ки руҳониёни ислмогаро аз аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ худро ходими ягонаи мусулмонони Тоҷикистон ҳисобида, сарпарастони хориҷии худро пайдо намуда, барои расидан ба қудрати сиёсии худ, зери ниқоби ислом худро хидматгори мардум нишон дода, бо ин рафтору амалашон ба Ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик зарбаи ҷонкоҳе заданд, ки ин амалашон нобахшиданист.
Онҳо як гурӯҳи мафкураи мағзшӯйишударо барои расидан ба мақсадҳои қудратхоҳи худ бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ созмон дода ИНОТ-ро комилан ба ихтиёри худ гирифтанд. Хусусан мардуми деҳотро гумроҳ намудаву ба майдонҳо кашида, майдоншиниро ташкил карданд. Тарафдорони онҳо асосан мардуми бесавод буданд, ки ба ивази дастмузди ночиз ва ваъдаю таҳдидҳо онҳоро ба майдонҳои муборизаи сиёсӣ ҷалб мекарданд.
Гуноҳи бузургу нобахшидании наҳзатиён мардумро фиреб дода, ҳамчун гуреза ба ҳудуди Афғонистон муҳоҷир кардани онҳо мебошад, ки боиси коҳиш ёфтани обрӯи эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ин амали ноҷавонмардонаи онҳо зарбаи хеле сахт ба миллату давлат буд.
Ба ин нигоҳ накарда онҳо дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуда, шаҳру деҳот ва боғу киштзорҳо, муассисаҳои давлатӣ, манзили зисти мардумро ба коми оташ кашиданд, вайрону валангор намуданд. Таҳдиди воқеии аз харитаи сиёсӣ маҳв шудани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар тақдири ин миллат дар ҳамин вазъияти ҳассос фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардид ва пеши роҳи ин хатари миллатсӯз гирифта шуд.
Ҳар як фарди ин кишвар бояд дарк намояд, ки ТТЭ ҲНИ иҷрокунандаи супоришҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буда, барои миллату Ватан ягон манфиате намеоранд.
Ҷавонони ватандӯсти кишвар ақидаҳои ботили наҳзатиёнро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нахоҳанд кард ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатамонро ҷонибдорӣ намуда, бо ҳадафҳои созандаи худ Ватанамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, сулҳу субот, ваҳдату ягонагиро дар тамоми кишвар чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.
Эгамбердиев Ғулом, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав